Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, як моҳи пас бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон меравад ва ҷараёни сафари ӯ ҳоло баррасӣ шуда истодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Минск бо Ҷейҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод.
Сироҷиддин Муҳриддин дар ин мулоқот масоили омодагӣ ба сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Озарбойҷонро баррасӣ кард.
“Ин сафар дар даҳрӯзаи сеюми моҳи май дар назар аст”, - менависад ВКХ.
Ғайр аз ин, дар ҷараёни ин сафар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Рӯзҳои синамои тоҷик ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мешаванд.
ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин чорабиниҳо дар даҳаи дуюми моҳи май пешбинӣ шудааст.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Озарбойҷон дар ин бора ҳам табодули назар кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста