Имрӯз, 30-юми апрел, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон занг зад. Дар ин бора аз ВКХ-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аммо муҳтавои суҳбати ду вазир ошкор намешавад. Аз вазорат гуфтанд, дертар тафсилоти суҳбатро шарҳ хоҳанд дод.
Бояд гуфт, ки Сергей Лавров ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин баъди як рӯзи супориданни нотаи эътирозӣ занг зад.
Дирӯз, 29-уми апрел, ВКХ-и Тоҷикистон сафири Русия дар Тоҷикистон Сергей Григоревро даъват карда, дар робита ба банд мондани садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо нотаи эътирозӣ супорида буд.
Дар нотаи эътирозӣ омада буд, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки ин ба рӯҳ ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.
Аз ин пештар, рӯзи 26-уми апрел, дар пайи банд мондани садҳо тоҷик дар сарҳади Қазоқистону Русия низ сафири Русия дар Тоҷикистон Сергей Григорев ба ВКХ давъат шуда буд. Он вақт ҳам ба сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия расонида шуд.
Бояд гуфт, ки тайи чанд рӯзи охир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии Русия банд мондаанд. Маъмурони марзии Русия онҳоро мӯшикофона тафтиш ва бархеҳоро умуман иҷоза надода, дубора ихроҷ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми апрел Вазорати корҳои хориҷии Русия ба таври расмӣ дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд кард ва умедвори “ҳусни тафоҳум” дар ин бобат шуд.
Ҷониби Русия он вақт гуфт, ки “чунин иқдомот табиати муваққатӣ дошта, сарфи назар аз миллияти шахсоне, ки вориди кишвар мешаванд, сурат мегиранд”.
Дар пайи ин ВКХ-и Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки бе зарурат муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Русия дар аксари ҳолатҳои ҳассос аз муҳоҷирони тоҷик чун фишанги муҳими таъсиррасонӣ болои Тоҷикистон барои амалисозии ҳадафҳои худ истифода кардааст. Дар ин бора аз матлаби “Фишанги №1”. Русия бо “шикор”-и муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?” маълумоти бештар пайдо кунед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста