Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқшиноси варзида, мушовири пешини раиси ҷумҳур, муассис ва раиси Ҳизби сотсиал‑демократи Тоҷикистон, 18‑уми май, дар синни 67‑солагӣ, бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.

Ӯ баъд аз истеъфо аз мақоми мушовири раиси ҷумҳур (охирин истеъфои як мақомдори давлатӣ дар Тоҷикистон. -идора) дар бист соли пеш, ба сафи мухолифини ҳукумат пайваст ва муборизаи сиёсии худро бо шиори “адолату садоқату тараққиёт” идома дод. Ӯ чун ҳуқуқшиноси касбӣ бештар ба масоили ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ дошт ва роҳи ҳалли аксари мушкилро ҳам, дар такмили низоми ҳуқуқии кишвар ва таъмини адолати иҷтимоӣ медид.

Дар чандин интихоботи парлумонӣ бо ҳизби худ – ҲСДТ ширкат кардаву ноком эълон гардид. Дар чанд интихоботи президентӣ ҳам талош кард номзад бошад, аммо боз ҳам ин иҷозаро пайдо накард.

Барои мавқеи сиёсиаш чанд маротиба мавриди латукӯб ҳам қарор гирифт, ҳарчанд мақомот ҳамеша таъкид мекарданд, ки латукӯби сиёсатмадор кори дасти авбошон аст.

Ахиран, се сол пеш аз роҳбарии ҳизб ҳам истеъфо дод ва эълон кард, ки аз майдони сиёсӣ канор меравад. Мушоҳида мешуд, ки хаста шудааст ва худ ҳам таъкид намуд, ки аз дард азият мешавад. Бо ҳамин аз назари мардум канораҷӯӣ кард ва бо ӯ аҳёнан дар кӯчаҳои шаҳр, ҳангоми қадамзанӣ, мулоқот ва суҳбат кардан мумкин буд. Дигар изҳороти тунд ҳам ироа намекард ва мавқеашро ҳам дар аксари масоил ошкор намесохт.

Пас аз вафоти Раҳматилло Зоиров, “Азия‑Плюс” бо чанде аз ҳамкасбону ҳамкорони ӯ суҳбат кард ва андешаи онҳоро доир ба шахсияту корномаи сиёсатмадор пурсид.

 

“Талошҳои ӯ бесамар набуд”

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ, ки солҳои тӯлонӣ бо Раҳматилло Зоиров ҳамкор буд, мегӯяд, ӯ бо дониши қавии ҳуқуқшиносӣ барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, густариши равияҳои сиёсӣ ва такмили низоми муносибатҳои иҷтимоӣ саҳми босазо гузоштааст.

Шокирҷон Ҳакимов
Акс аз Asia-Plus

“Раҳматилло Зоиров дар таҳкими фаъолияти мухолифини сиёсӣ, на идеологӣ, дар доираи стратегияи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва муваффақ кӯшиш кард, ҳарчанд дар ин роҳ монеаҳо зиёд буд. Ба ҳар сурат, талошҳои ӯ бесамар набуд, чун имрӯз дӯстону ҳамақидаҳояш андешаву пайроҳаи ӯро идома медиҳанд”, - гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Ҳакимов сабаби аслии канорагирии Раҳматилло Зоиров аз ҳизбу сиёсатро ба вазъи саломатии ӯ марбут донист ва гуфт, вақтҳои охир аз дарди қаблу қанд азият мекашид.

“Латукӯб аз ҷониби афроде ба вазъи рӯҳу равонаш ҳам таъсири манфӣ расонида буд. Дар чунин ҳолат, фикр мекунам, наметавонист пурра ба кори илмиву сиёсӣ машғул шавад ва бо дарки ин ҳолат, ба истеъфо рафт ва гӯшанишин шуд”, - зикр кард Ҳакимов.

 

“Фишору тафриқа дилмонда кард”

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохта, ки замоне бо Раҳматилло Зоиров дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият кардааст, аз ӯ чун нафари хоксору донишманд ёд карда, таъкид намуд, ки вақте ба донишҷӯён дарс мегуфт, ҳамеша аз усулҳои сода истифода мекард ва дӯсти донишҷӯён буд.

Ойниҳол Бобоназарова

“Донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ дарсҳои ӯро бо шавқ гӯш мекарданд, маълумотҳоро содда карда мефаҳмонд ва ҳамеша ба донишҷӯёне, ки пайи корҳои илмӣ буданд, кӯмак менамуд. Ҷаҳонбинии васеъ дошт”, - гуфт Бобоназарова.

Бобоназарова таъкид кард, ки Раҳматилло Зоиров як сиёсатмадори мустақил буд, роҳи муайяни худро дошт, бинобар ин фишор болои ӯ зиёд буд ва чун интихоботҳо ношаффоф буданд, натавонист муваффақ шавад.

“Болои ин ҳама фишорҳо дар дохили ҳизби ӯ ҳам гурӯҳбозӣ сар шуд. Ин барои Зоиров дарднок буд ва ин ҳама ба ӯ таъсир карду аз сиёсат дилмонда гардид”, - иброз дошт Бобоназарова.

 

“Рақиби сиёсӣ будем, на душман”

Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд бо Зоиров дар масоили зиёди сиёсӣ ва давлатдорӣ тафовути назар дошт ва баҳсҳо мекард, аммо дар ҳаёт дӯст буданд.

“Вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ баҳсу мунозира мекардем. Ӯ аз ҷониби мухолифин, ман аз тарафи ҳукумат будам, аммо дар ҳаёт дӯст будем. Дар бисёр масъалаҳои сиёсӣ ҳамкорӣ ҳам кардаем, масалан ӯро барои ширкат дар интихоботи президентӣ ва узвият дар Шӯрои ҷамъиятӣ ҷалб кардем. Андешаҳои мусбати якдигарро мепазируфтем ва ӯ инсони якрав набуд, балки соҳибандеша ва бо идрок буд”, - иброз дошт Сайфулло Сафаров.

Сайфулло Сафаров

 

Олими илми ҳуқуқ ва муаллифи сарқонуни алтернативӣ

Иброҳим Усмонов, профессори илми таърих ва собиқ мушовири раиси ҷумҳур аз Раҳматилло Зоиров чун  донандаи беҳтарини илми ҳуқуқ ва сиёсат дар охири асри 20 ёд кард. Ӯ аз хидматҳои Зоиров дар илм ёд намуда гуфт, ки барои тарбияи кадрҳо дар самти ҳуқуқ заҳмати зиёд кашидааст.

“Ӯ соли 1994 яке аз муаллифони Конститутсияи алтернативии Тоҷикистон буд. Ӯ диди худро дар масоили ҳуқуқӣ ва масъалаи дирӯзу имрӯзи Тоҷикистон дар қонун ифода кард. Масъалаи он ки фаҳмиши ӯ бо назари ҷомеа рост наомад, ин маънои онро дошт, ки диди сиёсиаш дигар аст”,‑ гуфт Иброҳим Усмонов.

Иброҳим Усмонов

 

Зиндагиномаи Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров олими маъруфи ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллифи беш аз 270 кори илмӣ, 30 китоб дар улуми ҳуқуқ, ҳуқуқи ҷиноӣ ва байнулмилалӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисод ва таърихи Тоҷикистон буд.

Ӯ зодаи деҳаи Боғистони вилояти Тошканд аст. Ӯ факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украинаро хатм карда, ду сол ба ҳайси муаллим дар онҷо фаъолият кардааст. Солҳои 1986-1993 устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар соли 1989 кори вакили мудофеъро оғоз кард ва аз нахустин касоне ҳисоб мешавад, ки дар Тоҷикистон созмони ғайриҳукуматӣ таъсис додааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байнулмилалӣ кор кардааст. Солҳои 2001‑2003 дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ кору фаъолият намудааст. Аз соли 2003 то соли 2021 ба ҳайси роҳбари Ҳизби сотсиал‑демократи Тоҷикистон кор кардааст ва соли 2021 бинобар сабабҳои беморӣ ва ҳолати равонӣ аз ин вазифа истеъфо дод ва аз сиёсат дур шуд.

Аз ӯ се фарзанд боқӣ монданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.