Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд, вале дар он масъалаи барканории раиси ҳизб пешбинӣ нашудааст. Дар ин анҷуман фаъолияти як соли охири ҳизбро ба баррасӣ мекашанд. Дар ин бора Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон соати 11:00-и рӯзи 20-уми июл баргузор мегардад.
Макони баргузории анҷуман толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон интихоб шудааст.
“Дар ин анҷуман ҳисоботи яксола ва панҷсолаи охири ҳизб ба баррасӣ кашида мешавад. Масоили дар порлумон пешниҳодкардаро баррасӣ мекунем. Дархостҳои шаҳрвандон, ки ба ҳизби мо ворид шудааст, баррасӣ мегарданд. Таҳлил мекунем, ки то имрӯз чӣ корҳоро ба самар расонидем. Нақшаҳои ояндаро низ пешбинӣ мекунем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Қурбонзода эҳтимоли барканории раиси ҳизб Рустам Қудратовро дар анҷумани ғайринавбатӣ рад кард ва афзуд, ки дар анҷумани ғайринавбатӣ раиси ҳизб, муовинон ва намояндагони ҳизб дар музофот ширкат меварзанд.
Бори охир анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон як соли пеш баргузор гардидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2005 таъсис шуда, қариб 20 сол боз фаъолият дорад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда, зикр мегардад, ки ҳудуди 20 ҳазор узв дорад. Ғайр аз ин, яке аз панҷ ҳизбҳои сиёсӣ аст, ки дар Маҷлиси Олӣ ҳам намояндагӣ доранд.
Бояд гуфт, ки баргузории анҷумани ғайринавбатии ҳизбҳои сиёсӣ дар чанд моҳи охир мавзӯи доғи расонаҳои Тоҷикистон гардидааст.
Ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.
Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили порлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.
Барои фирор аз хидмат ва хонадоршавӣ. Чӣ гуна ҷавонони тоҷик ихтисоси ояндаи худро интихоб мекунанд?
Оғози сохтмони театри ҷумҳуриявӣ ва чанд мактаб дар Данғара бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон соли равон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 82,3 млн доллар барқ фурӯхт
Қабули қатъномаи нав дар бораи Фаластин бо ҳимояи Тоҷикистон ва 123 кишвари дигар
“Қариб дастонамро мешикастанд”. Ихроҷи донишҷӯи тоҷик аз Русия
Аз 63 сокини Тоҷикистон 1 нафар маъюб аст. Шумораи маъюбон чӣ қадар аст?
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста