Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 30-юми июл, барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон, ба ин кишвар сафар кард.

Тавре дафтари матбуоти президентит Тоҷикистон хабар медиҳад, “Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Теҳрон намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона истиқбол гирифтанд”.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз Теҳрон як зумра мулоқотҳои дуҷониба ва дидору гуфтугӯҳо низ баргузор кунад.

Бояд гуфт, Масъуд Пизишкиён, намояндаи ислоҳталабон, дар аввали моҳи июл дар даври дувуми интихоботи президентии Эрон ба рақибаш, номзади муҳофизакор Саид Ҷалилӣ, пирӯз шуд. Ду рӯз пеш, 28-уми июл, роҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ зимни як маросим Пизишкиёнро расман раисҷумҳур эълон кард.

Алии Хоманаӣ дар ин маросим аз Масъуди Пизишкиён тасиф карда, ӯро раиси ҷумҳури “шоиста, содиқ ва мардумиву донишманд” хонд. Хоманаӣ аз тамоми масъулини кишвараш даъват кард, ки дар канори давлати Пизишкиён бошанд ва ба ӯ кумак кунанд.

Ӯ аз давлати нави Эрон дархост кард, ки бо мардум ва дар миёни мардум бошанд ва аз манобеи инсониву зарфияту сарвати Эрон истифода кунанд. Ба гуфтаи Хоманаӣ, авлавияти имрӯзи ҷомеаи Эрон масоили иқтисодӣ аст.

Алии Хоманаӣ ҳангоми эълони Масъуди Пизишкиён ба ҳайси раисҷумҳури Эрон
WANA

Масъуд Пизишкиён дар навбати худ дар ин маросим суханронӣ карда, худ дар бораи "зарурати ислоҳот" дар кишвар гуфт ва ваъда додааст, ки "ҳукумати ваҳдати миллӣ"-ро ташкил хоҳад дод.

“Ҷомеаи ҳамгир метавонад ҳокимияти қудратмандро эҷод кунад. Агар мо чашмандозро бипазирем ва сиёсатҳои куллии раҳбариро амалӣ кунем, беҳтарину бартарин ва болотарин хоҳем шуд. Агар тамоми ихтилофотро канор гузорем ва дар чаҳорчӯби сиёсат ҳаракат кунем, ба ҷое, ки лоиқ ҳастем, мерасмем”, - изҳор доштааст Пизишкиён.

Масъуди Пизишкиён пас аз расман раиси ҷумҳур интихоб гардиданаш нахустин ҷаласаи ҳайати давлаташро баргузор карда, таъкид кардааст, ки “бар асоси санади чашмандоз қарор буд дар минтақа аввал бошем ва фақру табъизро аз байн барем, аммо мутассифона натавонистем ин аҳдофро амалӣ кунем. Пас бояд бинем, ки ишколи кор дар куҷост”.

Ёдовар мешавем, ки пас аз марги Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон дар пайи як сонеҳаи  чархбол дар Эрон интихоботи зудҳангом баргузор гардид. Дар натиҷа пас аз ду даври интихобот Масъуд Пизишкиён бо ба даст овардани раъйи бештар раиси ҷумҳури Эрон шуд.

Дар матлаби “Интиқодгар ва ислоҳотталаб, аммо содиқ ба Хоманаӣ. Масъуд Пизишкиён кист?” оид ба роҳи сиёсии раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ва андешаҳои ӯ метавонед маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар бораи омили аслии пирӯзии Пизишкиён аз матлаби “Барои Эрон”. Рози пирӯзии Пизишкиён дар интихоботи раисиҷумҳури Эрон” иттилои бештар дарёфт кунед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.