Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) ба гуфтугузорҳо ва матолиби расонаҳо дар робита ба қабули тарҳи нави Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон” вокуниш кард.
Зимни брифинге, ки ВКХ 13-уми август, ташкил кард, хабарҳо дар бораи манъи ба бар кардани сатру ҳиҷоб ва маҳдудиятҳо дар адои ҳаҷ дар кишвар беасос хонда шуд.
Матни пурраи қонуни навшуда рӯзи 22 июн дар нашрияи ҳукумат - “Ҷумҳурият” нашр шуд ва аз ҳамон замон мавриди амал қарор гирифт.
Бояд гуфт, тарҳи нави Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон” моҳи июни имсол қабул шуд. Тибқи он, “овардан, фурӯхтан ва пӯшидану таблиғи либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ аст. Ҳамчунин, муҷозот барои вайрон кардани муқаррароти ин қонун низ сангинтар шуд. Аз ҷумла, агар пештар барои риоя накардани қонуни танзим танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд, ҳоло ҷавобгарии ҷиноӣ илова гардидааст ва аз ҷаримаҳои ҳангуфт то се сол зиндонро дар назар дорад.
“Либоси миллии тоҷикӣ худ сатр аст”
Дар ҷараёни брифинг Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон манъи сатру ҳиҷобро дар кишвар рад карда, баръакс, ҳифзи фарҳанги миллиро дар таҳрири нави Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон”, ки ба қавли ӯ “дар ҷаҳони ислом аввалин аст”, қобили таҳсин хонд.
Ӯ гуфт, “ҳукумати кишвар барои ҳифзи асолати фарҳангӣ ва тамаддуни таърихи куҳанбунёди худ ба мардуми кишвар тавсия медиҳад, ки аз тақлидкорӣ, бегонапарастӣ ва зоҳирпарасӣ даст кашида, ба қадри имкон аз либоси миллӣ истифода баранд”.
Шарифзода аз либосҳое, ки занону модарони тоҷик садсолаҳо инҷониб ба бар мекунанд ва ба талаботи шариат, урфу одати маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофӣ созгор буданд, ёдовар шуда, гуфт, “либоси миллии тоҷикӣ худ сатр аст”.
“Агар мо ба либоси мардум эътибор диҳем, шоҳиди он мешавем, ки занону духтарон ва модарон дар кишвар либоси миллӣ мепӯшанд ва он аз курта, пойҷома ва рўймол иборат аст”, - гуфт Шарифзода.
Ӯ иттилоъ дод, ки айни ҳол, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тарҳи либоси миллӣ барои занону духтарон омада шуда истодааст, ки он ба талаботи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгў мебошад.
Муфтӣ: “Аз пашша фил сохтан аст”
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои кишвар ҳам, ки дар брифинг ҳузур дошт, гуфт, дини ислом барои зани мусалмон мӯд, ранг, дӯхт ё намуди либосро муайян накардааст ва талаботи асосӣ ин аст, ки узвҳое, ки бояд пинҳон бошанд, пӯшида шаванд.
“Дини мубини ислом ҷузъе аз фарҳанги миллист ва дину фарҳанг якдигарро мукаммал мекунанд ва покиза нигоҳ доштани фарҳанги пӯшиш танҳо ва танҳо ба бонувони кишвари Тоҷикистон дахл дорад. Аз як масъалаи дохилии як давлат, ки назму низоми фарҳанги як миллатро фаро мегирад, фоҷиаи байналмилалӣ сохтан, ба қавле, аз пашша фил сохтанро мемонад”, - таъкид кард ӯ.
Аммо дар ин брифинг низ касе мушаххас “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро, ки дар қонун зикр шуда, барои ба бар кардани он муҷозот пешбинӣ шудааст, касе шарҳ надод.
Ҳоло ғайр аз “пӯшидани “либосҳои танг”, “сиёҳ”, “ҳарир” ва дигар навъи либос, ки узвҳои баданро намоён мекунад ва ғайриахлоқӣ”, ки дар фатвои Шӯрои уламо “бегона” номида шуд ва шарҳи Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумон, ки гуфт, зери мафҳуми “либоси бегона” дар баробари ҳиҷоб ва сатр, инчунин, "абаяҳо"-и дароз ва сиёҳ, ки аз кишварҳои арабӣ омадаанд, ҷинсҳои дарида ва либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён дохил мешаванд, шарҳи расмие ироа нашудааст. Ҷомеаро низ ин савол ба ташвиш овардааст, ки “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” кадом аст.
Манъи намозгузории занон дар масҷид
Дар Тоҷикистон барои ба масҷид рафтани занон қонун ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва ин масъала “ҷанбаи мазҳабӣ дорад”. Ин нуктаро низ Саидмукаррам Абдулқодирзода баён кард.
Ӯ гуфт, манъи ба масҷид рафтани занон дар Тоҷикистон танҳо ба пайравони мазҳаби ҳанафӣ дахл дорад. Ва тибқи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон аз соли 2004 намозгузории занон дар масҷидҳои кишвар макрӯҳ ва ҳузури занон дар намози ҷумъа манъ аст.
Муфтӣ зикр кард, ки занҳои пайрави равияҳои католикӣ, баптистӣ, православӣ, кришнаӣ, баҳоӣ ва дигар озодона маросими динии худро дар иттиҳодияҳои динӣ адо карда мекунанд. Занҳои пайрави мазҳаби шиа низ ба ҷамоатхонаҳо рафта, бидуни маҳдудият тоату ибодат мекунанд.
Он замон Худойбердии Эгамбердӣ, собиқ мудири бахши фатво ва яке аз аъзои Шӯрои уламо сабаби манъ кардани ибодати занон дар масоҷидро ба камбуди ҷой, набудани шароити муносиб, таҳоратхонаи алоҳида ва роҳу даромадгоҳи ҷудогона марбут дониста буд.
Бо гузашти 20 сол ва бо бунёди масоҷиди наву муосир ҳам, то ҳол ин фатвои Шӯрои уламо амал мекунад ва ибодати занон дар масоҷиди манъ аст, ки боиси интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гаштааст.
Ҳаҷ ва такрори он
Саидмукарам Абдулқодирзода ҳаҷи такрорӣ аз ҷониби баъзе сокинонро низ ишора карда, гуфт, ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад ва агар маблағи ҳаҷҷи такрорӣ ба мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд.
“Дар ивази ҳаҷҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро бояд интихоб кард, ки савобаш бардавом аст. Пуле, мактабе, роҳе, масҷиде ё ҳар ҷое, ки мардуми омма аз он истифода мебаранд, савобаш зиёдтар ва давомноктар мебошад”, - гуфт Саидмукарам Абдулқодирзода.