Рӯзи 22-юми августи соли равон Қосимҷомарт Токаев, президенти Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад ва мегӯяд, ӯ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба Тоҷикистон меояд.
Сафари давлатии Токаев рӯзҳои 22 ва 23-юм дар назар дошта шуда, дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ сурат хоҳад гирифт.
Токаев дар доираи сафари худ ҳамчунин бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Манбаъ мегӯяд, дар доираи сафар бастаи калони ҳуҷҷатҳо барои имзо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии он “Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ” хоҳад буд.
Ҳамчунин, роҳбарони давлатҳо дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
“Дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои дуҷонибаи канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе, инчунин консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мегарданд”, - гуфтааст ВКХ Тоҷикистон.
Бодя гуфт, ки бори охир Токаев моҳи сентябри соли гузашта дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон омада буд.
Зимнан, 8-уми августи соли равон президенти Тоҷикистон, барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба Қазоқистон сафар карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста