Президенти Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл сафири кишварро дар Тоҷикистон иваз кард. Роҳбари нави намояндагии дипломатӣ Чон Сок Син таъин шуд.
Тавре ки Агентии иттилоотии Yonhap хабар медиҳад, Юн Сок Ёл рӯзи 20 август ба дипломат эътимоднома дод, ки ба президенти Тоҷикистон супурда мешавад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 27 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе соли 2008 ва сафорати Тоҷикистон дар Сеул - соли 2015 ифтитоҳ гардиданд.
То соли 2022 ба сафорат дар Душанбе кордори муваққатии Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Моҳи январи ҳамон сол нахустин сафири ин кишвар - Квонг Донг Сок омад, ки акнун дипломати навтаъин ӯро иваз мекунад.
Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон дар бахшҳои нақлиёт, логистика, энергетика, навсозии соҳаи саноат, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, тандурустӣ ва ғайра лоиҳаҳо амалӣ мекунад. Аз ҷумла, Агентии рушди байнулмилалии Корея (КОIСА) дар маблағгзории таҳияи заминаи фанниву иқтисодӣ дар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ - Панҷи Поён то сарҳади Афғонистон саҳм мегузорад.
Аз моҳи апрели соли 2017 дар Сеул намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон фаъолият дорад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар зарфи 9 моҳи соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо зиёда аз 96 млн долларро ташкил додааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста