Дар Саммити оянда дар Ню-Йорк президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳид шудан баҳри ҳалли мушкилоти глобалии рӯзмарра ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир даъват кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ ӯ изҳор намуд, ки ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, ҳифзи сиҳатии омма, рафъи камбизоатӣ, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст.
Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрӯза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон чораҳо оид ба ҳалли мушкилоти иқлим, соҳаи об ва беҳдошт пешбинишуда ҳанӯз кофӣ набуда, Тоҷикистон нақша дорад, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо саъю талошҳои худро барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, тақвият бахшад.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ андешаронӣ намуд.
Дар робита ба ин президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Таъкид шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии СММ дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд.
“СММ ва ниҳодҳои он, инчунин муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи кори саммит байни Тоҷикистон ва Донишгоҳи СММ (UNU) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ имзо шуд. Зери санад вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини муовини Дабири кулли СММ, ректори Донишгоҳи СММ Тшилидзи Марвала имзо гузоштанд.
Гуфта мешавад, ҳамкории тарафайн дар ин самт ба ҳалли мушкилоти муҳими экологии глобалӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои марбут ба об, муҳити зист, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва рушди устувор нигаронида шудааст.