Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти ӯ хабар медиҳад.
Дар паём гуфта мешавад, ки дар ин сафар раисиҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёварони президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ва рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Аммо дар бораи ҳадафи сафар ва барномаи он муфассал чизе гуфта намешавад.
Танҳо зикр мешавад, ки сарвари давлатро дар фурудгоҳ сарвазир ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ гусел карданд.
Бояд гуфт, сафари охирини давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод моҳи августи соли 2021 сурат гирифта, моҳи августи соли гузашта барои мулоқоти сеҷониба бо раҳбарони Туркманистон ва Ӯзбекистон ба он ҷо парвоз карда буд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Туркманистон ҳамоиши байналмилалии “Равобити замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққӣ”, бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккир Махтумқулӣ Фироқӣ баргузор мешавад.
Ба ин чорабинӣ раҳбарони бисёре аз давлатҳои ҳамсояи Туркманистон, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва баъзе дигар кишварҳо даъват шудаанд.