Дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” рӯзи 24 октябр дар шаҳри Қазони Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки имрӯз муттаҳидсозии кӯшишҳо барои таъмини сулҳи пойдор, амну субот ва рушди устувор беш аз ҳарвақта зарур аст.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳозиринро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб кард.

Сулҳу субот ба хотири оянда

Ӯ аз пешниҳоди нави худ дар Маҷмаи умумии СММ оид ба қабули қатъномаи махсус – “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуда, изҳори умед намуд, ки ин ташаббус мавриди тарафдории ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт.

Дар робита ба равандҳои хатарангези сиёсӣ, таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки

“Тоҷикистон пайваста ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ дар мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо мебошад”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз ин рӯ Тоҷикистон дар доираи “Раванди Душанбе” дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамкории бисёрҷониба ба роҳ мондааст.

Вазъ дар Ховари Миёна

Президенти Тоҷикистон аз рушди бениҳоят хавфноки вазъ дар Ховари Миёна ва авҷ гирифтани низоъҳо, ки боиси талафоти зиёд дар байни аҳолии осоишта гардидааст, изҳори нигаронӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон муътақид аст, ки ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд.

Сурат аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Дар бораи иқлим

Мушкилоти дигаре, ки президенти Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ин оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии фоҷеабор мебошад.

“Офатҳои табиӣ ба ҳалокати одамон боис гардида, моро маҷбур месозанд, ки барои рафъи оқибатҳои онҳо маблағҳои зиёд сарф кунем”, - гуфт ӯ.

Хотиррасон шуд, ки моҳи майи соли 2025 Тоҷикистон тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст ва аз сарони давлатҳо даъват кард, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ иштирок кунанд.

Дар бораи иқтисоди сабз

Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои амалӣ барои гузаштан ба иқтисоди “сабз”-ро, ки ҷузъи муҳимтарини он энергетикаи “сабз” мебошад, ниҳоят муҳим шумурд.

Дар ин робита зикр шуд, ки танҳо ҳамкории густурда барои наслҳои оянда дар сайёраи умумии мо – Замин  шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда метавонад. Калиди расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб рушди минбаъдаи муколамаи тамаддунҳо номида шуд.

“Ҷаҳони Ҷануб бо нуфузи худ дар равандҳои глобалӣ ва имконоташ метавонад ҳамаҷониба ҷаҳду талошҳоро ба “бунёди ояндаи беҳтар” сафарбар намояд”, - илова намуд сарвари давлати Тоҷикистон.
Сурат аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Нишасти БРИКС дар Қазон рӯзи 22 октябр ба кор шурӯъ намуда, 24 октябр ба итмом расид. Имсол Русия раёсати онро ба уҳда дорад.

Ба БРИКС дар аввал Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шомил шуда, аз 1 январи соли равон Миср, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия ба ҳайати он ҳамроҳ шуданд.

Қобили зикр аст, ки ба вохӯрии БРИКС ба сурати умум ҳайати 36 кишвар, ки 22-тои онҳоро сарварони давлатҳо намояндагӣ карданд ва намояндагони 6 созмони байнулмилалӣ ба Қазон омаданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.