Алишер Идизода, хабарнигори тоҷик ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода, ки то ин дам муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) буд ва ҳоло дар боздошт аст, муовини аввали раиси ин ҳизб интихоб шудааст. Дар ин бора аз ҲДТ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аз ин ҳизб гуфтанд, Алишер Идизода дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб, ки дирӯз, 18-уми ноябр баргузор шуд, муовини аввали раис интихоб шуд.
Алишер Идизода ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода, ки то ин дам муовини аввали раиси ҳизб буд ва аз моҳи июли соли равон дар боздошт аст, интихоб гардид. Ӯ бародари Искандари Хатлонӣ, рӯзноманигори шаҳири тоҷик аст.
Алишер Идизода 57-сола ва хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус аст.
Ӯ аз соли 2018 устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад.
Идизода чандин сол дар Телевизиони Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон кор кардааст
Ҳамчунин, дар ҷаласаи дирӯза Фатҳиддин Солеҳов, раиси ҲДТ дар шаҳри Душанбе ва узви Шӯрои сиёсии ҳизб, Мурассаъ Наврӯзқулов раиси ҲДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ва Сунатулло Усмонов раиси ташкилоти ҷавонони ҲДТ интихоб шудаанд.
Ҳамзамон, дар чанд ташкилоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб роҳбарони нав интихоб шуданд.
Дар моҳи майи соли равон ҲДТ ба буҳрони роҳбарӣ рӯбарӯ шуд. Гурӯҳе худро ҳамчун узви ҲДТ эълон карда, роҳбари он Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор ва Шаҳбози Аброр, рӯзноманигори ҷавонро раис интихоб карданд. Аҳмадшоҳ Комилзода дар ин ҷаласа ширкат дошт ва номзадии Шабҳбози Аброрро ба раисӣ пешниҳод кард.

Саидҷаъфар Усмонзода ин тағйиротро ғайриқонунӣ хонда, ба Вазорати адлия барои ҳалли масъала муроҷиат карда буд. Вале ин ниҳод номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси ҲДТ тасдиқ кард.
Баъди чанд рӯз Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамчунин вакили парлумон аз ҲДТ буд, аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон барои талоши табаддулот ва ғасби қудрат боздошт гардид. Баъдан Аҳмадшоҳ Комилзода ва чанде аз дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ низ дастгир шуданд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти ҳамаи онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.
Ҳоло мурофиаи додгоҳии ин нафарон дар Боздоштгоҳи муваққатии пушти дарҳои баста идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста