Ду рӯз пеш, 18-уми декабри соли 2024, анҷумани навбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор гардид. Ба фарқ аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки дигарбора раиси ин ҳизб интихоб гардид, ҳамаи муовинони ӯ дар ҳизб нав шудаанд.
Аз ҷумла, Маликшо Неъматзода, собиқ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сафири Тоҷикистон дар Олмон ва раиси собиқи шаҳри Норак ба ҷойи Абдуҷаббор Азизӣ муовини якуми раиси ҲХДТ интихоб гардид.
Мирзоқосим Каримзода, раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба ҷойи Хайриниссо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси ҲХДТ интихоб шуданд.
Маълум нест, ки муовинони озодшуда ба чӣ мансабе таъин шуданд ва ё ба нафақа рафтанд.
Вале ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки муовини нави Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ, ки яке чеҳраи ошнову дар сиёсат ба қавле обутобёфта ва дуи дигар, ки барои ҷомеаи камошноянд, кистанд?
Маликшо Неъматзода...
Маликшо Неъматзода шояд ягона муовини навинтихобшудаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ аст, ки ҷомеа аз ӯ шинохти бештар дорад. Ӯ қаблан дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор кардааст. Ҷомеаи кишвар ӯро чун як мансабдори дорои қобилияти фавқулодаи суханварӣ ва таблиғотчии содиқ хуб мешиносад. Нафароне, ки дар ҷаласаҳои Маликшо Неъматзода ҳузур доштаанд, мегӯянд, ӯ метавонад соатҳо ва дар дилхоҳ мавзӯ сӯҳбат кунад.
Маликшо Неъматзода 11 феврали соли 1969 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди президентиРусияро бо ихтисосҳои филолог, муаллими забон ва адабиёти пушту ва тоҷикӣ, сиёсатшиноси байналхалқӣ хатм кардааст.
Ӯ ҳамчунин рутбаи дипломатии мушовири дараҷаи 1 дорад ва забонҳои русӣ, пушту ва англисиро медонад.
Вақте соли 2014 сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин гардид, гуфта буд, ки забони олмониро меомӯзанд. Аммо маълум нест, ки ӯ ин забонро омӯхт ва ҳоло балад аст ё не.
Собиқаи кории ӯ соли 1986 оғоз мешавад. Он сол ӯ китобдори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1989 дар шаҳри Казакова адои хидмати ҳарбӣ карда, аз соли 1989 то 1994 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намудааст.
Ӯ собиқаи рӯзноманигорӣ низ дорад. Солҳои 1994-1997 сармуҳаррири нашриёти “Каломи Бадеъ”-и Маркази фарҳангии Арабӣ буд ва ду сол 1997-1999 ширкати хусусии “Ҷалил”-ро сарварӣ кардааст. Ин ширкат ба чӣ кор машғул буд, маълум нест.
Соли 1999 аввалин бор масъулияти иҷрои вазифаи давлатиро ба зимма мегирад ва мушовири намояндаи минтақавӣ дар намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия, шаҳри Санкт-Петербург таъин мешавад ва то соли 2001 дар ин маснад кор мекунад.
Баъдан, аз соли 2001 то соли 2007 дар вазифаҳои гуногуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Соли 2007 раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъин гардид ва то соли 2014 кор кард. Метавон гуфт, маҳз ин вазифа ӯро бештар ба ҷомеа шинос кард. Дар ин давра варзишгарони Тоҷикистон дар ду олимпиада (Пекин-2008 ва Лондон-2012) иштирок карда, се нишон (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аммо маҳз иштироки дастаи олимпичиёни тоҷик дар Олимпиадаи Лондон-2012 барои Маликшо Неъматзода “дарди сар”-ҳое овард. Он замон як мураббии эронии варзишгарони тоҷик даъво кард, ки ӯро ба деҳаи олимпӣ роҳ надоданд, аммо писари 14-солаи Маликшо Неъматзода онҷо буд. Ҳамчунин, он замон баъзе расонаҳо навиштанд, ки котибаи ӯ ҳам ба Лондон рафтааст.
Аммо худи Маликшо Неъматзода баъдтар ин “даъвоҳо”-ро шарҳ дода, онро беасос хонд ва гуфт, писараш ҳақ дошт дар олимпиада иштирок кунад. Аммо чаро котиба иштирок кард, то ҳол норӯшан аст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ӯ аз камтарин узви ҳукумат буд, ки дар барномаҳои мустақими расонаҳои ғайриҳукуматӣ иштирок мекард ва ба суоли хонандагон посух медод.
Соли 2014 Неъматзода сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин гардид. Соли 2016 ба ин вазифаи ӯ ҳамчунин масъулияти сафирӣ дар ҷумҳуриҳои Чех ва Лаҳистон низ илова гардид. Солҳои аввали кори сафирии Маликшо Неъматзода бидуни кадом як ҳодисаи назаррас сипарӣ гардид, аммо баъди соли 2015, вақте дар Тоҷикистон ҲНИТ* манъ шуд ва аъзоёни он ва дигар мухолифони ҳукумат муқими кишварҳои аврупоӣ, махсусан Олмону Лаҳистону Чех шуданд, “дарди сар”-и дигар барои ӯ оғоз гардид.
Мухолифони ҳукумат ҳар сари чанд вақт назди сафорат мерафтанд ва эътироз менамуданд. “Ҷанҷол” миёни фиристодагони ҳукумат ба нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва намояндагони мухолифин дар Варшава дар соли 2018 низ маҳз дар замони сафирии Неъматов рух дод. Он замон ӯ гуфта буд, ки ин “як “иғво" буд ва мақомоти САҲА набояд аъзои созмони экстремистиро ба як ҷаласаи ҳуқуқи башар роҳ медоданд".
Баъди ин ӯ аз сафирӣ сабукдӯш ва солҳои 2018-2020 сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин кардид. 11 моҳ, аз январ то ноябри соли 2020 раисии шаҳри Норакро ба зимма дошт.
Маликшо Неъматзода аз 2-юми ноябри соли 2020 дар вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кор мекунад.
Ӯ оиладор ва соҳиби се фарзанд ва дорандаи ордени Шараф дараҷаи II мебошад.
Як нуктаи дигар боиси зикр аст, ки ба қавли чанде аз иштирокчиёни анҷумани ахири ҲХДТ, раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба қобилияти суханварии Маликшо Неъматзода шӯхиомез гуфтааст, "ҷаласаҳоро зиёд идома надиҳад".
... ва ду муовини дигари раис
Дар бораи ду муовини дигари Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ – Умеда Абдуллозода ва Мирзоқосим Каримзода маълумоти зиёд дастрас нест.
Ҳамин қадар маълум, ки Умеда Абдуллозода 14-уми феврали соли 1984 дар Ҳисор таваллуд шуда, соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм кардааст. Ӯ оиладор, номзади илмҳои филологӣ аст ва аз забонҳои хориҷӣ русиро медонад.
Муддате дар мактаби миён чун омӯзгор фаъолият карда, дар донишгоҳ ба ҳайси аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикӣ, котиби илмии назди муовини ректор оид ба илм, оператори Раёсати илм ва навоварӣ, котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2014 муовини раиси шаҳри Ҳисор таъин шуда, то соли 2020 дар ин вазифа кор кардааст.
Аз 6-уми марти соли 2020 то ҳоло муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мирзоқосим Каримзода ҳам барои ҷомеа чеҳраи нав аст. Ӯ 17-уми сентябри соли 1984 дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшинос хатм кардааст. Оиладор ва донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.
Каримзода муддате дар идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд ва ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Аз соли 2007 то 2014 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор, ходими илмии Маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва методии “Тоҷикистон: таърих, сиёсат, замони муосир”, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик ва кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2014-2018 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд буд. Соли 2018 ӯ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таъин гардид.
Моҳи июни соли 2023 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуд. Яке аз дастовардҳои муҳими ӯро дар ин маснад, афзоиши назарраси аъзои ин ҳизб дар вилоят медонанд.
Баъзе ҳамсӯҳбатони мо ҳам омили аслии “ҷаҳиш”-и Мирзоқосим Каримзода, яъне дар давоми ҳамагӣ якуним сол аз роҳбари раёсати ҷавонони вилоят то муовини раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон боло рафтани ӯро ба талошҳояш ҷиҳати ҳарчи бештар кардани аъзои ин ҳизб медонанд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт
Муфтиёти Русия бисёрҳамсарии диниро иҷозат додааст
Собиқ мураббии “Севиля”-и Испания сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд
Ӯзбекистон мехоҳад барои мардон ҳангоми таввалуди кӯдак рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунад. Ин дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста