Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) низ рӯзи 25-уми декабр анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, дар анҷуман масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда, ширкати номзадҳо ба он ва фаъолияти панҷсолаи ҳизб баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, чорабинӣ бо ширкати намояндагони ҳизб соати 10:00 дар толори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ҲИИТ соли 2005 таъсис ёфта, ҳоло роҳбарии онро Ғиёсиддин Ашӯрзода ба уҳда дорад. Ин ҳизб аз соли 2005 дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҳузур дорад. Тибқи иттилои роҳбари ҳизб, айни ҳол ин ҳизб 33 ҳазор аъзо дорад.
Ҳоло 5 узви ҲИИТ вакили парлумон ҳастанд. Ин имкон додааст, ки ин ҳизб дар парлумон фраксияи худро ташкил кунад.
Аммо коршиносони мустақил, ин ҳизбро яке аз ҳизбҳои дигари “киссагӣ” дар Тоҷикистон медонанд, ки дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонад.
Ёдрас мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол танҳо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 28 номзади худро ба интихоботи парлумонии кишвар пешниҳод кардаст.
Ҳизбҳои дигар, аз ҷумла ҲДТ ва ҲАТ гуфтанд, ки дар анҷумани навбатии худ номзадҳоро пешниҳод хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста