"Кадрҳои баландпоя надорем", "Олим зиёд, аммо мутахассис ангуштшумор", “Коғазу хушку холӣ додан даркор не, ақлу донишу касбу ҳанар, забон омӯзондан даркор”. Ин ва дигар нукоти муҳимтаринро, ки Эмомалӣ Раҳмон,  раисҷумҳури Тоҷикистон берун аз матни расмии паём ироа кард, гирдоварӣ кардем.

Эмомалӣ Раҳмон охири ҳар сол ба Маҷлиси Олӣ паём ироа мекунад ва дар он самтҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян менамояд. Имсол ӯ паёми худро 28-уми декабр дар бинои нави парлумони кишвар ироа кард.

Одатан ӯ берун аз матни паём низ дар робита ба масоили мубрами кишвар андешаҳояшро баён мекунад. Дар бештари ҳолат, маҳз андешаҳои берун аз матни расмӣ зикркардаи раисҷумҳур бештар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 

Даромади аҳолӣ, нақшаҳои муҳим ва гурез аз пардохти андоз

Эмомалӣ Раҳмон паёми худро аз дастовардҳои кишвар оғоз карда, гуфт,“...дар 33 соли истиқлолият ҳамин сол (соли 2024) бениҳоят соли бофайзу бобаракат барои мардуми  Тоҷикистон аст”. Ӯ зикр кард, ки дар ин сол мардуми кишвар беш аз 100 миллиард сомонӣ даромад доштанд.

“Сад миллиард, бад мегӯед, ки дар маркази шаҳру ноҳияҳоямон тамбашавӣ аст, ҳамаш нишонаи ҳамин аст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳур соли 2025-ро барои Тоҷикистон ва аҳолии он бисёр соли муҳим донист ва таъкид кард, ки “...суръати бунёди сохтмони нерӯгоҳҳои обии “Роғун”-ро тезонидан даркор, зеро маблағи зиёд даркор мешавад. Баъдан мақсаду нақшаҳои дигаре низ ҳаст, ки дар соли 2025 амалӣ карданамон даркор аст”. Аммо муххасан кадом нақшаҳо, зикр нагардид.

акс аз prezident.tj

Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ ва гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ таъкид карда гуфт, ки ин иқдом ба устувории молиявӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.

Ӯ бо иқтибоси “аз марг наҷот ёфтан мумкин аст, вале аз андоз гурехтан имкон надорад” зикр намуд, ки “сарчашмаи асосии буҷет аз куҷо меояд, маоши омӯзгор аз куҷо аст, табиб аз куҷо аст, сохторҳои низомию қудратӣ аз куҷо аст?”

Дар ин росто, ӯ ба ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

 

“Санҷишҳои андозро кам кунед”

Санҷишҳои мақомоти андоз, пардохти он аз масъалаҳои меҳварии паёми имсолаи раиси ҷумҳур буд. Ӯ зикр кард, ки соли 2023 санҷишҳои андоз ду баробар кам, аммо маблағҳои ошкоршуда чор баробар зиёд шудааст.

“...дар 11 моҳи соли 2024 аз санҷиши 1 ҳазору 150 андозсупоранда ба буҷет 1,64 миллиард сомонӣ ворид гардидааст”, - иттилоъ дод Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки “...кам карданамон даркор аст, шумораи санҷишҳои андозро, лекин аз лиҳози дигар мебинем, ки андозсупорандаҳо низ кӯшиш мекунанд, ки аз супоридани андоз бо ҳар роҳу восита пинҳонкорӣ кунанд. Ман фикр мекунам, ки барои ин корҳо боз каме вақт лозим аст, ки маданияту фарҳанги андозсупорӣ байни соҳибкорон баланд бардошта шавад”.

Ӯ афзуд, “маълумотҳо ҳаст, ман омӯхта баромадам, баъзан ширкатҳо, корхонаҳо, ки  масалан бо коркарди металҳои қимматбаҳо машғул аст, дар як сол 40, 25 маротиба санҷида шудаанд, лекин натиҷаи санҷиш сифр аст”.

“Маълум аст, ки дар инҷо санҷиш нест. Дигар, барои амалӣ кардани дигар кор аст. Мо ба ин корҳо хотима мебахшем”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раиси ҷумҳур ҳамчунин ба зарурати таҷдиди назар дар пешниҳоди имтиёзи андозӣ ишора кард ва зикр намуд, ки ҳоло имтиёзи мазкур аз вақти бақайдгирии давлатии он ҳисоб карда мешавад, на аз оғози истеҳсолот. Ба қавли ӯ, аксари мӯҳлати имтиёз ба давраи сохтмон ва то ба даст овардани фоида рост меояд ва “соҳибкорону сармоягузорон аз ин имтиёз пурра бархурдор намешаванд”.

“Корхона ба кор надаромада, аллакай андозсупорӣ сар мешавад”,-гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия, Кумитаи сармоягузорӣ ва Кумитаи андоз супориш дод, ки механизми нави татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳои истеҳсолии навро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд.

 

Маҳдудияти интиқоли барқ то соли 2027 “дар таърих мемонад”

Сухани Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бартараф шудани маҳдудияти интиқоли барқ яке аз муҳимтарин нукоти паём дониста мешавад. Ӯ гуфт, дар фасли тирамоҳу зимистон ҳар як лаҳза ташвишу заҳмати мардуми Тоҷикистонро эҳсос мекунад.

“Ҳаминро гуфтаниям, ки шояд ин зимистонҳои охире бошад, ки мову шумо паси сар мекунем. Зимистони дарпешистода вазъ хеле беҳтар мешавад, нисбат ба ин сол ва дар зимистони солҳои 2026-2027 мо кӯшиш мекунем, ки вазнинӣ паси сар шавад ва зимистони соли 2027 ин чизҳо дар таърих мемонад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

 


Ситоиш аз соҳибкорон ва даъват ба ташаббускорӣ

Раисҷумҳур саҳми саҳибкорон ва шахсони саховатпешаро дар рушди кишвар назаррас арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, дар соли 2024 аз ҳисоби онҳо “дар кишвар бо маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва 23 пул азнавсозӣ шудааст”.

“Аҳсан ба чунин шаҳрвандони бонангу номус. Бисёриашон маблағҳои ба ҳаҷ сарфмекардаи худро дар бунёди роҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ сарф кардаанд. Ин ҳам кори савоб аст”, - афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар панҷ соли оянда бунёди 800 муассисаи томактабӣ ва 1000 мактаб ба нақша гирифта шудааст. Ӯ ба роҳбарони маҳаллӣ супориш дод, ки дар маҳалҳое, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд кунанд.

“Дар сафи пеш мову шумо буданамон лозим аст! Агар ҳар яки мо ташаббус нишон дода дар як деҳаи дурдаст, як ноҳияи дурдаст, дар кӯҳистоне муассисаи томактабӣ ва муассисаи таълимӣ бунёд кунем, мушкил ҳал мешавад”, - таъкид кард раиси ҷумҳур.

Зимни ба истифода додани яке аз пулҳои сохташуда дар минтақаҳои кишвар

 

Масъулони соҳа “ҳатман пурсида мешаванд”

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ҳоло 42 ҳазору 400 ҷавони тоҷик дар 42 давлати хориҷӣ таҳсили мекунанд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30% онҳо духтарон будаанд.

“Дар солҳои пеш чанд нафар ба хориҷа мерафтанд ва таҳсил мекарданд аз Тоҷикистон, кӣ ба ёд дорад? Ангуштшумор! Ин оморе, ки мо расмӣ равон кардем, онҳое, ки худашон мустақилона мераванд бо даҳҳо ҳазори дигар”, - гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба масъулини бахши маориф гуфт, ки “миллатро босавод кунед, касб омӯзед, ҳамин хел коғазу хушку холӣ ҷавононро фиреб дода додан даркор нест, ақлу донишу касбу ҳанар, забонҳои хориҷиро омӯзондан даркор”.

Ӯ аз мулоқоташ бо аҳли  илм ва маорифи кишвар ёдовар шуда, таъкид кард, ки барои ислоҳи камбудиҳои соҳа “супоришҳои қатъӣ” додааст дар бораи “иҷрои саривақтии онҳо ҳатман пурсида  мешаванд”.

“Сабаби бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ дар тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия аст”, гуфт ӯ ва илова намуд, ки “...вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

Ректорони чанде аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дар паёми имсолаи президент
акс аз prezident.tj

 

 “Мутахассиси асил надорем”

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки “сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад”. Ӯ гуфт, ки “агар мо имрӯз кадрҳои баландихтисос медоштем, агар мо ба иқтисоди рақамӣ мегузаштем, ман боварии комил дорам, ки буҷети имрӯзаи мо ду баробари зиёд мешуд”.

“Мо ниёз ба кадрҳо дорем, диплом зиёд, садҳо ҳазор дода истодааем, олимонамон ҳам шумораашон бад нест, аммо мутахасиси асил надорем... ангуштшумор, ихтироъкор надорем. Ана барои ин кор кардан даркор, заҳмат кашидан даркор”, - зикр кард ӯ.

 

"Хондан хуб аст"

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёд карда, аз иштироки фаъоли шаҳрвандон, махсусан худсолон ситоиш кард ва аз ҳозирин низ даъват намуд, ки китоб хонанд.

“Рӯзи анҷумани ҳизб (анҷумани ҲХДТ дар назар аст), як духтараки деҳотӣ соҳиби шоҳҷоиза гаштааст, аз деҳот, ҳоло донишҷӯ... Офарин! Ягон омӯзгор не, ягон донишҷӯ не, як духтараки деҳотӣ. Мо калонсолон китоб намехонем, ҳушамон тамоман дар дигар ҷо аст, фикр мекунем, диплом гирифтем мо “аҳмади ҳамадон”. Не, хато мекунем... хондан бисёр чизи хуб аст”, - таъкид кард раисҷумҳур.

акс аз prezident.tj

 

Интихобот ва шаффофият

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мӯҳлати ваколати вакилони парлумон даъвати шашум ба охир мерасад ва барои фаъолияти онҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон миннатдорӣ баён кард.

“Яъне шумо маро нигоҳ карда савол доданиед, ки Ҷаноби Олӣ, баъд чӣ? Мо куҷо равем? Барои ҳамаи шумо дар мамлакат ҷойҳои муносиби кор карданро дорем. Шумо академияи бузургро гузаштед, таҷриба пайдо кардед, бекор мемонем гуфта, натарсед, фишоратон баланд нашавад!”, - таъкид кард раиси ҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз интихоботи парлумонии дарпешистода ёдовар шуда, гуфт, ки “интихобот шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд”.

Акс аз РИА Новости

Бояд зикр кард, ки суханҳои берун аз матни расмии Эмомалӣ Раҳмон дар аксар ҳолат таваҷҷуҳи сокинонро бештар ҷалб мекунад ва дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам густарда баррасӣ мешавад.

Дар бораи иҷроиши дастурҳои зимни ироаи паёми соли 2023 додаи раиси ҷумҳур дар матлаби “Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?” муфассал мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.