Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби иҷозаи назорат ё худ парвона нагирифтани нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар интихоботи порлумонии Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфт, ки “онҳо аз пеши худ таърихи сабтином муайян карданд”.
Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 4-уми феврал дар як баёнияе эълон кард, ки “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабтином ё аккредитатсияи нозирон” боис шуд, ки аз назорати интихоботи моҳи март даст кашад.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии имрӯз, 11-уми феврал, дар посух ба саволи “Азия-Плюс” гуфт, ки Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ду маротиба таърихи сабтином пешниҳод карданд: аввал то 31-уми январ ва баъдан то 3-юми феврал хостанд, ки Тоҷикистон мушоҳидони онҳоро сабтином кунад.
“Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мо тартибу қоидаи худашро дорад ва дар ин муҳлате, ки онҳо хостанд нозиронашонро ба қайд гиранд, роҳбарияти ин комиссия ҳам дар интихоботи Белорусу дигар ҷойҳо иштирок мекарданд ва мо натавонистем дар таърихи 31-уми январ ва 3-юми феврал ба қайд гирем”, - гуфт гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома афзуд, ки масъулини Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА пас аз ин дар Шӯрои доимии САҲА дар Вена ин масъаларо “аз нуктаи назари манфӣ ба тамоми аъзоёни ин созмон” расониданд.
Ӯ таъкид кард, ки “дар ин масъала ҷониби Тоҷикистон ягон гуноҳ надоранд, онҳо худашон тартибро вайрон карда, хеста рафтанд. Новобаста аз ин, ба ҳама ниҳодҳои САҲА дари мо кушода аст ва омодаи ҳамкорӣ ҳастем. Мо дарамонро ба рӯи онҳо набастаем”.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо нашри як баёния гуфт, ба далели “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш барои арзёбии интихоботи парлумонии Тоҷикистон нозиронашро намефиристад.
“Мо сидқан афсӯс мехӯрем, ки мушоҳидаи интихоботи ояндаи парлумонӣ дар Тоҷикистон акнун имконнопазир аст. Набудани кафолатҳои расмӣ барои кори нозирони мо то як моҳ пеш аз рӯзи интихобот моро маҷбур сохт, ки аз назорат даст кашем”, - гуфт Мария Телалян, роҳбари Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА.
САҲА ҳамаи интихоботҳои Тоҷикистонро назорат кардааст ва ин бор мехостааст, барои назорати интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 20 нозири дарозмуддат ва 150 нозири кӯтоҳмуддат равон кунад, вале ҳоло аз ин кор худдорӣ кардааст.
Дар Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР) аз шарҳи ин изҳороти САҲА худдорӣ карданд.
Коршиносон мегӯянд, ҳузур ё адами нозирони САҲА дар интихоботи Тоҷикистон ба раванди интихобот таъсир намерасонад.
Ёдовар мешем, ки интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста