Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар робита ба ин Тоҷикистон дар 28 давлати дунё 36 ҳавзаи интихоботӣ ташкил кардааст, ки дар он шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ кору фаъолият мекунанд ба ҷонибдории номзади худ ба вакилии парлумон овоз дода метавонанд.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
“Ҳавзаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар бо риояи қонунгузории Ҷумуҳрии Тоҷикистон танҳо дар дохили биноҳои сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд. Шаҳрвандони кишвар метавонанд бо шиноснома ба ҳавзаҳо ҳозир шаванд ва райъ диҳанд”, - гуфт вазири корҳои хориҷӣ.
Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки шароити зарурӣ барои баргузории интихобот дар хориҷи кишвар барои шаҳрвандони кишвар фароҳам оварда шудааст.
Бояд гуфт, ки то интихоботи парлумонӣ дар соли 2015 сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа ҳақ доштанд, то якчанд ҳавзаи интихоботӣ дар ҳудуди як кишвар таъсис диҳанд.
Баъдан дар асоси тағйироте, ки ба Қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар моҳи март ва моҳи июли соли 2014 ворид карда шуд, ҳавзаҳои раъйдиҳӣ танҳо дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таъсис дода мешаванд.
Бар асоси ин тағйирот вазифаи раиси комиссияи ҳавзавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ иҷро менамояд.
Мо ҳамаи ҳавзаҳои интихоботии дар хориҷ ташкилкардаи Тоҷикистонро рӯйхат кардем, ки бо ин метавонед дар зер шинос шавед:
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста