Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро 157 нозири Иттиҳоди давлатҳои мустақил назорат мекунанд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” бо такя ба Леонид Анфимов, муовини якуми Котиби генералии ИДМ, ки миссияи мушоҳидони ИДМ-ро дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, хабар додааст.
Ӯ таъкид кардааст, ин ҳайат аз 8-уми феврали соли 2025 “фаъолияти озоду шаффофи худро барои мониторинги омодагӣ ба интихобот ба роҳ мондааст”.
Ёдрас мешавем, ки нозирони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки қаблан интихобҳои Тоҷикистонро назорат мекарданд, имсол назорат намекунанд.
Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумони дар 2-юми марти соли ҷориро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон карда буд.
Дар ҳамин ҳол Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ сабаби иҷозаи назорат ё худ парвона нагирифтани нозирони САҲА дар интихоботи порлумонии Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфт, “онҳо аз пеши худ таърихи сабтином муайян карданд”.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад.
Ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд. Ҳоло давраи сабти ном ба охир расида, раванди таблиғи номзадҳо идома дорад.
Ҳоло аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон аксарашро ҳизби ҳоким-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб аст. Ҳизби аграрӣ 7 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 вакил доранд. Ҳизби комунистӣ 2 вакил ва ҳизбҳои сотсиалистӣ 1 курсӣ доранд.
ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.
Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста