Рӯзи 16 март сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия оғоз ёфт. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Маскава муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазироӣ карданд.

Гуфта мешавад, рӯзи 2-юми сафар бо гулчанбаргузорӣ бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони и Русияро пос дошт. Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.

Баъд аз анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо қадамзании мутантан аз назди Президенти Тоҷикистон ва иштирокдорони маросим қаровули фахрӣ гузашти низомӣ анҷом дод.
Сипас баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, рушди босуръати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир таъкид гардид.

Аз ҷумла, масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуда, ба масъалаҳои рушди робитаҳои гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 71 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ, аз ҷумла онҳое, ки соли 2022 аз ҷониби Сарони давлатҳо ифтитоҳ ёфта буданд, ҳамчунин 190 мактаби омехта фаъолият доранд. Дар ин зимн, ҳамкорӣ дар таъмини ин муассисаҳои таълимӣ бо китобу маводи таълимӣ ва адабиёт бо забони русӣ аз масъалаҳои матраҳ боқӣ мемонад.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон се филиали муассисаҳои бонуфузи олии таълимии Русия фаъолият дошта, зиёда аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таълим мегиранд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни ҳамин сол дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.

Ба ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар баҳои баланд дода шуда, ҷонибҳо барои идомаи босамари он дар оянда изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд.
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури cарони давлатҳо Путин санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар барқарорсозии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи истихроҷи уран ва коркарди маъданҳои куҳӣ зарар дидаанд;

- Созишнома миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси Парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Барномаи шарикии стратегӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар соҳаи ҳарбӣ барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амалии он барои солҳои 2026-2028;
- Ёддошти тафоҳум миёни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия, Вазорати молияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;
- Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Русия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ.
Дар изҳороти матбуотӣ сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон аз ҷараёни хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир, ки афзоиши тадриҷии гардиши мол мушоҳида мегардад, қаноатманд аст.
Зикр шуд, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши молу маҳсулот 15,6 фоиз афзуда, 2 млрд долларро ташкил дод. Нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматӣ то соли 2030 ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми савдои мутақобила мувофиқа шуда, маълумот дода шуд, ки имрӯз ширкатҳо бо саромояи Русия дар Тоҷикистон ҳудуди 400 ададро ташкил медиҳанд. Айни ҳол 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ доранд.

Ба ҷониби Русия пешниҳод шуд, ки иқдомотро дар самти таъсис додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, бахусус корхонаҳои коркарди сабзавоту меваҷот, ашёи хоми пахта, пӯст ва пашмро фаъол гардонад. Омодагии ҷониби Тоҷикистон барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Русия таъкид карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотии худ гуфтааст, ки “имрӯз мо ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ намудем”.
Ӯ афзудааст, ки “кори байниидоравӣ дар ин соҳа фаъол гардонида мешавад”.
Дар ҳамин ҳол Владимир Путин гуфтааст, “дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус дар сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва логистика кор мекунанд ва ба рушди иқтисоди Русия саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон, интиқоли маблағҳои онҳо ба Ватан кӯмаки муҳим барои Тоҷикистон ва оилаҳои онҳо мебошад”.

“Мо кӯшиш мекунем, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия шароити муносиби кор ва ҳифзи иҷтимоӣ фароҳам орем. Вазоратҳои дахлдори Русия ҳамеша бо ҳамтоёни тоҷики худ дар тамос буда, қоидаҳои марбут ба муҳоҷиратро тавзеҳ медиҳанд”, - афзудааст раиси ҷумҳури Русия.
Тавассути видеоконфронс ба сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский ва Маркази байналмилалии омузишӣ барои кӯдакони болаёқат дар пойтахти Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

“Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи пурраи зарфиятҳои бузурги муносибатҳои ҳампаймонӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия кӯшиш хоҳад кард, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. - Мехоҳам таъкид намоям, ки мо аз натиҷаҳои музокирот қаноатмандем”
Шоми ҳамин рӯз (17 март) сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Русия анҷом ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистонро намояндагони воломақоми ҳукумати Русия гарму самимӣ гусел карданд.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?
Баҳодур Усмонови тоҷик мағлубнашуда боқӣ мемонад: ин дафъа муштзани ӯзбекро шикаст дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста