Дирӯз, 9-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чорабиниҳои 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав ширкат кард.
Тибқи иттилоъи расмӣ, барои ширкат дар ин чорабиниҳо сарони ҳудуди 30 давлат ба Маскав рафта будаанд.
Дар ин рӯз дар Майдони Сурхи Маскав гузашти низомӣ баргузор гардид, ки дар он низомиёни тоҷик ҳам ширкат карданд.

Низомиёни тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор ширкаткунандагони ҷанг аз Тоҷикистон, ки 55 нафарашон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд, дар ин чорабинӣ қадам задаанд.

Баъди анҷоми гузошти ҳарбӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои дигар барои гиромидошти хотираи қурбониёни ҶБВ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки як рӯз пеш аз ин, 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалабаи Душанбе иштирок карда буд.
Ӯ шаҳрвандони кишварро бо Иди ғалаба табрик гуфт ва бори дигар саҳми тоҷиконро дар ғалаба бар фашизм муҳим арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки зиёда аз 100 ҳазор тоҷик дар муҳорибаҳо қурбон шуда, беш аз 40 ҳазор беному нишон ва 60 ҳазор нафари дигар бо маъюбият ба ватан баргаштанд.
Президент зикр кард кард, ки “ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад”.
“Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста