Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон – Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ дар Теҳрон вохӯрдаанд.
Ин дидор имрӯз, 17-уми май дар ҳошияи чаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон баргузор гардида, дар он масоили амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд. Аммо ҷузъиёти мушаххаси ин гуфтугӯҳо дастрас нест.
Ба навиштаи хабаргузории ИСНА дар ин мулоқот таҳаввулоти ахири минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳам баррасӣ шуда, ҷонибҳо аз вазъи Ховари Миёна изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо ба зарурати идомаи ҳамкориҳои минтақаӣ, бахусус дар масъалаи Афғонистон таъкид кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи гузашта вориди Теҳрон шуд. Ӯ дар ин сафар қарор аст бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ҳам дидор анҷом дода, дар чаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон, ки аз 17 то 19-уми май баргузор мегардад, ширкат кунад.
Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон соли 2017 таъсис ёфта, як майдон барои мулоқот ва музокира мебошад, ки барои таҳкими ҳамкориҳо, табодули назарҳо ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст. Ин маҷма ба кишварҳо ва ниҳодҳои гуногун имкон медиҳад, ки дар муҳити дӯстона ва бидуни танқидҳои шадид бо ҳам мубодилаи афкор кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста