Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар як мусоҳибаи ахири хуб аз робитаи кунуниаш бо Тоҷикистон тафсир кард ва гуфт, “он бар пояи ташкили ҳукумати фарогир ва баромада аз иродаи мардум дар Афғонистон аст”.
Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони эронии “Ироф” дар бораи фаъолиятҳои кунунии худ ва Толибон*, ноуҳдабароии ин гурӯҳ дар давлатдорӣ, тафовути муқовимати пешин бо кунунӣ сухан кард ва дар баробари ин, андешаҳоро дар бораи тағйири равобит ва нармиши Тоҷикистон дар қиболи Толибон шарҳ дод.
“Тоҷикистон ҳеҷ гоҳе ҳомии ҷанг ё хушунат дар Афғонистон набуду нест. Робитаи Тоҷикистон бо мо ҳимоят аз як ҳаракат барои барқарории як ҳукумати машрӯъ ва қобили қабул аст. Ва барқарории як сулҳи воқеъӣ. Роҳбарони Тоҷикистон бо дарки ин нукта, аз рӯзи аввал ҳарфашон бар эҷоди як гуфтугӯ ва ҳалли мушкилот аз роҳи музокира буд ва имрӯз ҳам ҳамин ҳарф аст. Ин ҳарфи мо ҳам ҳаст”, - гуфт Аҳмад Масъуд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки “бо Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаву дуру наздик робитаи мо ба пояи он аст, ки Афғонистон ба як ҳукумати фарогир ва баромада аз иродаи мардуми Афғонистон ниёз дорад”.
Аммо дар умум, бидуни зикри номи кишваре, Аҳмад Масъуд таъомул бо Толибонро интиқод кард ва суол гузошт, ки “кишварҳо бо сиёсати хушнудсозии Толиб давоми 4 сол чӣ гирифтанд? Оё об гирифтанд? Амният ё осоиш гирифтанд?”.
Дар идома, ӯ аз султаталабии Толибон бори дигар интиқод кард ва гуфт, ин гурӯҳ музокира ва гуфтугӯро намепазирад, зеро дар аввалин рӯзҳое, ки қудратро дар Кобул гирифт, эълон кард, ки танҳо итоат аз онҳо ва байъат ба онҳоро қабул дорад.
Дар баробари ин, зикр намуд, ки “борҳо гуфтем ва ҳоло ҳам мегӯем, ки омодаи гуфтугӯ ва музокира дар ҳар ҷое ҳастем. Ин Толиб аст, ки аз музокира ва гуфтугӯ метарсад ва нигарон аст”.
Ёдовар мешавем, ки баъди тасарруфи қудрати дар Кобул аз сӯйи Толибон, Тоҷикистон бо сароҳат ба ташкили давлати фарогир ва ҳукумати ҳамашумул таъкид кард ва ба Аҳмад Масъуд ва чандин ҳамроҳи ӯ ва узви ҳукумати пешин имкон дод, ки дар Душанбе бошанд.
Пазироӣ аз намояндагони ҳукумати пешин боиси эътирози Толибон гардида буд, аммо вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки дар равобити Тоҷикистон бо Толибон нармише мушоҳида мешавад. Тиҷорат миёни ду кишвар қатъ нагардидааст, Тоҷикистон ба Толибон барқ мефурӯшад, консулгарии Афғонистон дар Хоруғро ба ихтиёри намояндаи Толибон гузоштааст ва ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, сафари мутақобилаи роҳбарони ниҳодҳои амниятиву истихборотии ду кишвар сурат гирифтааст.
Дар баробари ин, ба тадриҷ садои мухолифон аз муқовимат, ки аз Душанбе шунида мешуд, хомӯшу бетаъсир мешавад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.



