Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супорида шуд. Президенти кишвар ҳамроҳи роҳбарони Қирғизистон ва Ӯзбекистон "барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақа моҳи сентяри соли 2025" , яъне ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ҷоиза сазовор гардиданд.
Ҳамчунин, дар маросим ба Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборонраисҷумҳурони Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ин ҷоиза тақдим гардид. Ҷоизаро Валерий Гергиев, роҳбари ҳайати ҳакамони ҷоиза ба соҳибонаш супорид.
Хабаргузории ТАСС менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ гуфт, ҷоиза на танҳо ҳамчун эътирофи саҳми шахсӣ, балки натиҷаи талошҳои се кишвар баҳри таҳкими сулҳ ва амният дар минтақаи ИДМ аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, имзои Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро ёдовар шуда, таъкид доштааст, ки ин санадҳо барои рушди минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.
Дар идома, президент аз афзоиши рақобати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон, мавҷи нави “ҷанги сард”, мусаллаҳшавӣ ва заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ изҳори нигаронӣ кард.
“Дар ин шароит моро лозим аст, ки дар доираи иштироки фаъолона дар равандаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳоро барои расидан ба ҳадафҳои созанда - дастгирии сулҳу субот ва таъмини амнияти ҳамаҷониба тақвият диҳем”, - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.
Дар иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар ин робита зикр мешавад, ки "ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд".
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 22-юми декабр барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста