Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ, раҳбари нави Эронро ба муносибати интихобаш ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ ва мардуми Эрон “сулҳу субот ва шукуфоии пойдор” орзу кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи табрикотиаш, ки рӯзи 9-уми март нашр шуд, изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти раҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ “мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд”.

“Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.
Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар бо такя ба усули ҳусни эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ изҳор медорам”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Шаби 8 ба 9-уми март Маҷлиси хубрагони Эрон, Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаиро роҳбари нав ва муаррифӣ кард. Муҷтабо Хоманаӣ 56 сол дорад. Ӯ пас аз кушта шудани падари 86-солааш Алии Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, ки рӯзи 28-уми феврал иттифоқ афтод, сеюмин раҳбари олии Эрон интихоб шуд.
Алии Хоманаӣ шаш фарзанд дорад: чор писар ва ду духтар. Муҷтабо фарзанди дуюми ӯ буда, 8-уми сентябри соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст.
Дар бораи корномаи ӯ дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста