Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пештар вориди шаҳри Пекин шуд.
Дар сӯҳбати телефонӣ сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сарвари давлати Тоҷикистонро дар фурудгоҳ намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷии Чин, сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов, президенти Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва намояндагони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ пешвоз гирифтанд.
«Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти ширкати чиноии дар ҷаҳон маъруфи соҳаи коммуникатсия ва алоқаи «
ZTE
» мулоқот меорояд, то ба ҷалби сармояи ин ширкат барои рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон мусоидат намояд», - изҳор дошт сухангӯи сарвари давлат.
Президенти Тоҷикистон шоми имрӯз ҳамчунин дар деҳаи олимпӣ бо варзишгарони тоҷик дидору гуфтушунид хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста