Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Роҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз болои мақомоти расмии давлатӣ ба додгоҳ шикоят бурданист. Дар нишасти матбуотӣ раиси ҳизб изҳор дошт, ки дар мӯҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардидани изҳороти кушоди ӯ ба президенти Тоҷикистон аз 22-уми майи соли ҷорӣ ӯро ба ин амал водор сохтааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар изҳорот бо дарки ҳисси миллӣ ва нияти нек ташаббуси ҳамкории созанда пешниҳод гардида, аз сарвари давлат дархост шуда буд, ки раиси ҳизбро ба муддати 2 сол вазири адлия таъин намояд. Ба қавли раиси ҲСДТ, ҳадаф аз чунин муроҷиат - «нияти барпо сохтани асосҳои воқеии кишвари ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон буд».
«Пас аз як моҳи муроҷиат, 22-уми июн ман аз номи муовини раиси роҳбари дастгоҳи президент Маҳкам Маҳмудов посух гирифтам, ки муроҷиатномаи мазкур ба мушовири давлатии президент Саймурод Фаттоев равона шудааст, вале аз он замон то имрӯз ду моҳ сипарӣ гашт, вале то ҳол ман ҷавобе нагирифтаам», - гуфт Р.Зойиров.
Мавсуф мегӯяд, ки тибқи моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», мӯҳлати охирини ҷавоб бояд як моҳ, яъне то 22-уми июлро дар бар мегирад. «Дар қонун ҳамчунин баъзе истисноҳо пешбинӣ шудаанд, вале бо назардошти он ҳам, мӯҳлати охирини ирсоли посух 22-уми август аст, яъне мӯҳлати муқарраршуда тибқи қонун гузашт, - гуфт ӯ.
«Аз ин рӯ, тибқи моддаи 163-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қонуншиканӣ дар муроҷиати шаҳрвандон), ман ният дорам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоям», - таъкид сохт раиси ҲСДТ ва афзуд, ки дар оғоз ӯ ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати мушаххас сохтани ҷавобгар дар ин ҳолат муроҷиат хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста