Кӯлоб. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайвалӣ Нуров ва Мӯминҷон Қаюмов дирӯз дар Кӯлоб ҷаласаи мизи мудавварро бахшида ба шарҳи кори парлумони Тоҷикистон ба интихобкунандагон баргузор карданд.
С.Нуров дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аксари интихобкунандагон оид ба кори парлумон ва фаъолияти намояндагони мардумӣ тасаввуроти дуруст надоранд. «Аз ин рӯ, мо қарор додем, ки дар бораи тарзи сохтори парлумон, фаъолияти намояндагони мардумӣ, ҷараёни қабули қонунҳо ва паҳлӯҳои дигари кори парлумон ба интихобкунандагони маълумоти муфассал диҳем», - гуфт ӯ.
Дар мавриди шарҳи масъалаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ, ки ба он интихобкунандагон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир сохтанд, намояндаи мардумӣ М.Қаюмов изҳор дошт, ки лоиҳаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 се ҳафта пештар нисбат ба солҳои дигар ба парлумон ирсол шудааст ва шурӯъ аз имрӯз гурӯҳи кории махсуси парлумон ба баррасии ҷузъиёти он оғоз хоҳад кард. «Буҷаи давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2009 дар маҷмӯъ 6 млрд. 8 млн. сомониро ташкил медиҳад ва 75 дарсади даромади он аз маблағҳои пардохти андоз ҷамъоварӣ хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки мизи мудаввар бо кӯмаки созмони байнулмилалии «
Pact
international
» ва шарики он дар Кӯлоб - Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» созмон дода шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста