Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вадим Густов бар ин назар аст, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон, то соли 2009 муомилоти мол миёни давлатҳоро то ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расонидан аз эҳтимол дур нест. Ба қавли ӯ, дар Ҳамоиши
III
-уми байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ», ки рӯзҳои 24-25-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, барои расидан ба ин мақсад тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.
Тавре аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қарорҳои дар ҳамоиш қабулгардида ва асноди ба тасвибрасида ба амалӣ гаштани чунин пешгӯи мусоидат хоҳанд кард.
В.Густов изҳор дошт, ки ду ҳамоиши қаблӣ натиҷаҳои хуб ба бор оварда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиву иқтисодӣ фароҳам сохтаанд. «Ман мӯътақидам, ки бо такя ба заминаи ҳуқуқиву шартномавии ташкилгардида, ҳамоиш баҳри рушди минбаъдаи босуръати ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, ки рушду тавсиаи робитаҳои минтақавӣ омили асосии таҳкими муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ боқӣ мемонанд. «Дар асоси созишномаҳои дуҷониба аллакай 70 субъектҳои Русия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ мондаанд», - гуфт В.Густов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста