Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МН МО ҶТ) лоиҳаи қонун «Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2009» мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, интизор меравад, ки дар назди намояндагони мардумӣ оид ба ин масъала нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов маърӯза хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи буҷа 30-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд. Тибқи лоиҳа, соли оянда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба маблағи 20 млрд. 665 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, суръати афзоиши истеҳсолот 7,1 дарсад ва мизони таваррум ба андозаи 13 дарсад ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ, буҷаи давлатӣ аз рӯи даромад 6 млрд. 8 млн. сомониро ташкил додааст, ки он ба 29 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар буда, дар муқоиса бо буҷаи соли гузашта 1,5 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.
Дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буҷаи соли 2009-ро буҷаи рушди иқтисод номида, қайд кард, ки аз нисф зиёди мабалғҳои ҷудогардида ба сохтмони иншооти стратегӣ равона хоҳанд гардид. Соли 2009 аз рӯи лоиҳаи буҷа 2 млрд. 437 млн. сомонӣ ба рушди соҳаи маориф, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷудо карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста