Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз нахуствазири мамлакат - Оқил Оқилов дар
ҷ
аласаи навбатии Ш
ӯ
рои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Кишинёв - пойтахти
Ҷ
умҳурии Молдова ширкат хоҳад варзид.
Тавре аз хадамоти матбуоти ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар додан, дар нишаст баррасии наздики 35 лоиҳаи аснод дар назар аст. Дар меҳвари мулоқот масъалаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 қарор хоҳад дошт. Маврид ба ёдоварист, ки масъалаи мазкур дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳод, дар моҳи октябри соли
ҷ
ор
ӣ
баррас
ӣ
шуда буд. Он вақт ин санад аз тарафи сарони кишварҳои аъзо мавриди таъйид шуд ва барои баррас
ӣ
ва қабули қарори ниҳо
ӣ
дар бораи он ба раҳбарони ҳукуматҳо пешниҳод гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар қатори асноди дигар инчунин
ҷ
иҳати баррас
ӣ
масъалаи муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳо дар бахши нақлиёт то соли 2020 низ пешниҳод хоҳад шуд. Ғайр аз ин, масъалаи фаъолияти шабакаи телевизиону радиои байнидавлатии «Мир» ва дарёфти воситаҳо барои гузаштани он ба таҷҳизоти рақамӣ низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.
Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти ИДМ, иттиҳод дар миқёси
ҷ
аҳон аз имконоту захираҳои назаррас барх
ӯ
рдор аст. Он 16,4 дарсади қаламрави
ҷ
аҳонро ишғол карда, 4,4 дарсади сокинони сайёра дар қаламрави ин кишварҳо ба сар мебаранд. Ба кишварҳои узви иттиҳод 20 дарсади захоири нафт, 40 дарсади захоири газ, 25 дарсади захоири ангишт, 10 дарсади истеҳсоли нер
ӯ
и барқ, 25 дарсади захоири
ҷ
ангал, 11 дарсади захоири барқароршавандаи об ва 13 дарсади захоири заминҳои обии
ҷ
аҳон рост меоянд.
ИДМ соли 1991 таъсис дода шуда, ба ҳайати он Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина шомиланд. Масъалаи хориҷ шудани Гурҷистон аз иттиҳод дар ҳоли баррасист. Дар ин мулоқот Ӯзбекистону Туркманистонро ноибони нахуствазирони ин кишварҳо намояндагӣ мекунанд. Аз Гурҷистон намоянда ҳузур надорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста