Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар - Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси палата Сайдулло ХАйруллоев баргузор гардид, ҳамчунин лоиҳаҳои тағйирот ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба гуфтаи Султонов, аъзои Шӯро ҳамчунин масъалаи тасвиби Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи иҷтиноб аз андозбандии дубора ва ҷилавгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармояро низ муҳокима карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста