Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз бо сабаби таҷдиди сохтори фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳокимшо Тиллоев аз вазифаи директори генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр сабукдӯш гардид.
Бо қарори дигари ҳукумат Маҳмадалиев Алимурод, ки то ин дам ба ҳайси муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ифои вазифа менамуд, директори генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр» таъин карда шуд.
Фирӯз Ҳамроев аз вазифаи муовини аввали директори генералии КВДҲ озод гардида, муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ таъин карда шуд.
Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Рустам Холиқов - директори генералии КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», Маъруфҷон Маҳмудов – директори генералии КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд», Михаил Леонов – директори генералии КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа», Алӣ Комилов – директори генералии КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ва Анвар Мақсудов директори генералии КВД «То
ҷ
икаэронавигатсия» таъин карда шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста