Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.
Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни боздиди корӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва дигар мақомоти ҳукумати ин кишвар дидору гуфтушунид хоҳад кард. «Дар дидору гуфтушунидҳои президенти Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии Эрон ба масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд», - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор хоҳанд намуд. Намояндаи дафтари матбуоти сарвари давлат афзуд, ки президенти Тоҷикистонро дар сафар раҳбарияти бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони вазорати умури хориҷӣ ва аъзои ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд. Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон аз Эрон боздиди расмӣ анҷом дода буд.
Мувофиқи хабари қаблан интишоргардида, пас аз анҷоми сафар ба Эрон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар
конфронси байнулмилалӣ оид ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи молиягузории рушд, ки соли 2002 дар Монтеррей (Мексика) ба тасвиб расида буд, озими шаҳри Доха – пойтахти Қатар хоҳад шуд. Конфронс аз 29-уми ноябр то 3-уми декабр доир мегардад.
Тибқи иттилои Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид, конфронси мазкур ба таҳлили иҷрои қарорҳои дар соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида бахшида мешавад. Дар конфронси Монтеррей давлатҳо тавофуқ ҳосил карда буданд, ки кишварҳои мутараққиву сарватманд бо мақсади рушд ҳаҷми кӯмакҳоро ба кишварҳои қашшоқ зиёд мекунанд ва ин кишварҳо дар навбати худ ӯҳдадор шуда буданд, ки дар давлатҳои худ ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ роҳандозӣ намуда, собит месозанд, ки маблағи кӯмакҳо барои иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола истифода бурда шудаанд.
Маркази иттилооти СММ ҳамчунин хабар медиҳад, ки қарорҳои соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида ба афзоиши ҳаҷми кӯмакҳо бо мақсади рушд аз ҷониби кишварҳои мададрасон мусоидат кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста