Душанбе. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дӯстона ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт. Сафари ӯ ба шаҳри Теҳрон бо мулоқоти расмии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод оғоз ёфт.
Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хосса ва сипас дар гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, аз сатҳи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамзамон бо ин сарвари давлати Тоҷикистон аз рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла суръати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, ки парчамбардори робитаҳои иқтисодии ду кишвар аст, изҳори норозигӣ кард. Тезондани корҳои ниҳоии сохтмони нақби Истиқлол, оғози сохтмони нақби Чормағзак, лоиҳакашии нерӯгоҳи обии Шӯроб низ аз амрҳои матлуб арзёбӣ гардид.
Мусоҳибон оид
ба бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳавасмандии худро бори дигар таъкид намуда,
изҳор доштанд, ки ба ин корҳо суръати бештар бахшида шавад.
Таъкид гардид, ки ба тасмимоти муштараки Тоҷикистону Афғонистону Эрон баҳри азхуднамоии захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ҳамчунин Қирғизистону Чин ва дигар кишварҳои манфиатдор метавонанд ҳамроҳ шаванд.
Қарор дода шуд, ки якчанд корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон сохта шаванд, аз ҷумла оид ба таъмири вагонҳо барои қатораҳои роҳи оҳан, металгудозӣ, истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасраф ва ғайра. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон як маркази муштараки илмию зилзиласанҷӣ ва як маркази бузурги савдо сохта шавад. Қарор шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар дар бунёд ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамкории наздик дошта бошанд.
Масоили густариши робитаҳои таҳсилотӣ ва илмию фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора сомонаи интернетии сарвари давлати Тоҷикистон хабар медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста