Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи дуюми рӯзи 30-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсули корӣ дар Давлати Қатар баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Яман рафт.
Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари роҳбари давлати Тоҷикистон ба ин кишвари бостонӣ аст.
Шоми ҳамон рӯз президенти Тоҷикистон бо зиёда аз 150 нафар намояндагони тоҷикон ва ҳамватанони муқими Яман вохӯрии самимии судманд анҷом дод.
Чунонки аён гашт, дар Ҷумҳурии Яман айни ҳол беш аз 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд. Беш аз 80 дар сади онҳоро табибони тоҷик ташкил медиҳанд, ки дар ин кишвар обурӯю эътибори баланд касб намудаанд.
Сарвари давлат аз нуфузу эҳтироми
Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ва табибони тоҷик, ки ворисони воқеии Абӯалӣ ибни Сино будани худро дар Яман собит намудаанд, изҳори сарфарозӣ кард ва таъкид дошт, ки онҳо бо кору ҳунари волояшон бояд Тоҷикистон ва илму фарҳанги бостонии тоҷиконро ба таври шоиста дар ин кишвар муаррифӣ кунанд.
Байни онҳо ҳамчунин як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас дод, аз ҷумла оид ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҳолати шаҳрвандӣ ва рафту омади ҳамватанон ба Тоҷикистон.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон
ба шахсони дахлдор дастур дод, ки оид ба кушодани намояндагӣ ва ё консулгарии Тоҷикистон дар Яман чораҳои зарурӣ андешанд, то манфиатҳои шаҳрвандони мо таҳти пуштибонии давлатамон қарор бигиранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста