Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон акнун барои ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши ғайриқонунии шираи камол татбиқи ҷазои маъмурӣ ва дар баъзе ҳолатҳо маҳрумият аз озодӣ ҷорӣ мегардад.
Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир ба ин масъала ба Кодекси ҶТ дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ тағйироту иловаи мутобиқ ворид сохта шуданд.
Ба қавли намояндаи парлумон Хадича Ҳакимова, тайи солҳои ахир аз ҷониби шаҳрвандон ва ширкатҳои гуногун дар масоҳати
Дар ҳамин ҳол, намояндаи мардумӣ Маҳмадалӣ Ватанов изҳор дошт, ки барои ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши шираи камол ҷаримабандӣ ба миқдори то 700 музди меҳнати ҳадди ақалл, манъи фаъолият дар ин соҳа ва дар баъзе ҳолатҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 2 сол пешбинӣ шудааст.
Дар ҷаласа намояндагони мардумӣ ҳамчунин тағйироту иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи фонди миллии бойгонӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» қабул карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста