Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Харкови Украина сафар карда, аз корхонаи азими Турбоатом, ки аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ оид ба бунёди турбина, агрегат ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши нерӯгоҳҳои обӣ, атомӣ,
ҳароратӣ ва ғайра буда, бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамари дерина дорад, ьоздид кард.
Чунонки дирӯз дар нишасти матбуотии сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко таъкид гардид, беш аз 85 дар сади тамоми таҷҳизоти гидротехникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон сохти Турбоатом ва дигар корхонаҳои саноатии Украина мебошад. Ду агрегати нерӯгоҳи обии Роғун ҳам ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта аз корхонаи Турбоатом ба Тоҷикистон фиристода шуда буд.
Президенти Тоҷикистон бо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи Турбоатом аз наздик шинос шуда, ба таҳкиму густариш додани ҳамкорӣ бо ин корхона дар самти таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда ва таъмини нерӯгоҳҳои нав бо таҷҳизоти гидротехникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд. Маҳз ҳамин гуна имкону захираҳои фаровон аст, ки дирӯз Виктор Ющенко гидроэнергетикаро самти афзалиятноки робитаҳои иқтисодии ду кишвар маънидод кард ва изҳор намуд, ки «Украина азм дорад ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба сатҳи стратегӣ барорад».
Ба андешаи ӯ, Тоҷикистону Украина имкон доранд дар ҳамкории зич ҳаҷми мубодилоти
тиҷоратии байни худ ва бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба маротиб боло баранд.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Харков, дар Тоҷикистон
корхонаи муштараки
истеҳсоли таҷҳизот барои нерӯгоҳҳои хурди обӣ бунёд мегардад ва филиали
Донишгоҳи миллии политехникии Харков дар Тоҷикистон кушода мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии сарвари давлат хабар медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста