Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ - Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» баррасӣ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар - Муҳаммадато Султонов хабар дод, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони гирифтори бемории қанд, лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба Кодекси амалкунандаи андоз, Қонунҳои ҷумҳурӣ «Дар бораи маориф», «Дар бораи макомоти амнияти кишвар», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»-ро муҳокима намуданд.
Ба гуфтаи Султонов, дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ баррасӣ гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста