Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 19 декабр дар Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба мулоқот сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории РИА «Новости» дар ҷараёни мулоқоти сарварони давлат атрофи масоили муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, мушкилоти марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, пешгирии падидаҳои ногувори он ва андешидани тадбирҳо алайҳи бидуни назорат реша давонидани оқибатҳои он дар минтақа табодули афкор сурат хоҳад гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста