Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар ҷараёни иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, даъвати сеюм, аъзоёни палатаи болоии парлумон, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.
Зимни суханронӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ - Маҳкам Маҳмудов қайд намуд, ки дар асоси тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноии кишвар воридшуда, минбаъд шахсоне, ки ба ҷумҳурӣ маводи доруии пастсифат, қалбакӣ ва мӯҳлати истифодаашон гузаштаро ворид месозанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Шахсони воқеъиву ҳуқуқие, ки ба ин амал даст мезанад, ҷаримаи пулӣ дар ҳачми аз 17-у ним то 35 ҳазор сомонӣ ситонида шуда, ё ба мӯҳлати то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Ғайр аз ин, минбаъд, шахсони соҳибмансабе, ки ғайриқонунӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрвандӣ, шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳанд, то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Дар асоси тағйироту иловаҳои нави ба Кодекси ҷиноятӣ воридгардида, барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҷазои сахттаре пешбинӣ шудааст. Акнун барои содир намудани ин амал, марзшиканон, аз 17 ҳазору 500 то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекунанд, ё аз 2 то 5 сол равонаи зиндон мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста