Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ якдилона мӯҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк»-ро боз то шаш моҳи дигар дароз карданд.
Дар суханронии худ раиси палатаи поёнии парлумон Сайдулло Хайруллоев изҳор дошт, ки пешниҳоди мазкур ба парлумон аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки мӯҳлати амали қонуни мазкур бояд 31-уми декабри соли ҷорӣ ба анҷом мерасид. Акнун он то 1-уми июли соли 2009 дароз карда шуд. «Дароз кардани мӯҳлати амали қонуни мазкур ба шаҳрвандон ҷиҳати қонунигардонии молу мулкашон имконоту шароити хуб фароҳам хоҳад сохт», - гуфт С.Хайруллоев.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк" 16-уми майи соли 2006 қабул гардлида буд. Санади мазкур бо мақсади инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликият, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ қабул карда шуда, аз иқдоми истисноии якдафъинаи давлат оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк, озод намудани онҳо аз ҷавобгарӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.



Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста