Душанбе. 25-уми декабр - Дирӯз маросими ба имзо расидани Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, баргузор гардид. Протоколро вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири ҶИА дар Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ имзо карданд.
Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо 27-уми июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Созишномаи мазкур аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2008 ва аз ҷониби Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 24-уми сентябри соли 2008 тасдиқ шудааст.
Пас аз анҷоми маросими имзои Созишнома Ҳамрохон Зарифӣ зикр кард, ки Афғонистон барои мо кишвари дӯсту наздик аст ва ҳамаи иқдомҳо ҷиҳати рушди ин кишвар равона шудаанд. Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ гуфт, ки Афғонистон бо Тоҷикистон на танҳо дар ин самт, ҳамзамон дар бахшҳои иқтисод, коммуникатсия ва илму маориф низ ҳамкории зич дорад. Ӯ тазаккур дод, ки имрӯз дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон қариб 228 нафар шаҳрвандони Афғонистон маҳбусанд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста