Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз дар робита ба фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти Украина барқияи тасаллият ирсол кард.
Дар барқия, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Виктор Андреевичи мӯҳтарам! Аз фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория, ки бар асари он талафоти ҷониву харобиҳо сурат гирифт, беҳад андӯҳгинам. Дар ин лаҳзаи ҳассос аз Шумо хоҳиш дорам ҳамдардии мардуми тоҷикро ба ҷабрдидагон ва наздикони онҳо бирасонед. Мо хоҳони шифои ҳарчи зудтари ҷабрдидагонем».
Ёдрас мекунем, ки шоми 24-уми декабр бар асари инфиҷори шадиди газ дар манзили зисти панҷошёнаи шаҳри Евпаторияи ин кишвар 24 нафар ба ҳалокат расид. Сарвари давлат Виктор Юшенко имрӯз, 26-уми декабрро дар саросари Украина рӯзи мотам эълон кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста