Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имсол дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълон шудааст.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» номзади улуми сиёсӣ, коршиноси масоили сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки соли равон дар Тоҷикистон ба такмили усулии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин зарурат пеш омадаст. Коршинос мӯътақид аст, ки дар Тоҷикистон таъсиси вазорат оид ба корҳои дин зарур аст. «Чунин вазорат дар кишварҳои рушдёфтаи дунявие чун Туркияву Миср фаъолият дорад ва таҳлилҳо баёнгари онанд, ки минбаъд дин яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдат, суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ хоҳад гашт», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, чунин вазорат дар пешгӯӣ, ҳамоҳангсозӣ ва идораи равандҳои динӣ дар ҷомеа нақши ҳалкунанда хоҳад бозид. «Ба ин мақомот сохторҳои ҷудогонаи марбут ба дин, аз қабили Маркази исломии ҶТ, Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг, Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, Сарраёсати танзими расму оини назди Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ ва ғайраро метавон муттаҳид сохт», - изҳор дошт ӯ.
А.Раҳнамо мегӯяд, ки ин вазорат бояд мақомоти соф шаҳрвандӣ бошад ва тамоми равобиту чорабиниҳои давлатии марбут ба дин бояд тавассути ин мақомот сурат бигирад.
Коршинос мегӯяд, шахсе, ки ба ин вазифа таъин мегардад, бояд миёни доираҳои динии кишвар соҳибэҳтиром бошад. Ба сифати шахсони арзанда ба ин мансаб коршинос аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, роҳбари Сарраёсати танзими расму оини Дастгоҳи иҷроияи президент Абдуҳалим Холиқов ва раиси Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг Идибек Зиёевро номбар кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста