Хуҷанд. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси вилояти Суғд - Қоҳир Расулзода беҳтарин мактаби олии вилоят ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро барои иштироки фаъол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷоизаи аввали пулӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ насиби филиали Донишгоҳи технологии шаҳри Хуҷанд гардид. Ҷоизаи дуюмро коллеҷи тиббии маркази маъмурии вилояти Суғд ва омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Спитамен байни ҳам тақсим намуданд. Ба ҳар кадоме аз ин муассисаҳои таълимӣ 1-у ним ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ҷоизаи мушобеҳро шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дарёфт кард.
Барои тарғиб ва инъикоси васеъи маъракаи ҷамъоварии ҳосили пунбадона тавассути васоити ахбори омма, ба маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят 2 ҳазору 300 сомонӣ ва кумитаи телевизион ва радио 1 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ба якчанд нашрияи вилоятӣ ва 20 тан аз донишҷӯёни нисбатан фаъол мукофотҳои пулӣ ба миқдори 300 сомонӣ тақдим карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста