Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаламрави Тоҷикистонро чун воситаи транзитии ҳамлу нақли бор ба Афғонистон истифода бурданист. Дар ин хусус имрӯз зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Фармондеҳии марказии нерӯҳои ИМА генерал Дэвид Петреус тавофуқ ҳосил гардид.
Пас аз мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон ҷенероли амрикоӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ин ҷо сухан дар бораи ҳамлу нақли масолеҳи сохтмон барои барқарорсозии зерсохтори иқтисоди кишвари ҳамсоя меравад. «Ман ба Тоҷикистон аз Қазоқистон омадам ва дар он ҷо низ оид ба ин масъала бо ҳукумати Қазоқистон тавофуқ ҳосил гардид», - гуфт ӯ ва афзуд, ки чунин тавофуқ бо аксари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия низ ҳосил шудааст.
Д.Петреус гуфт, аз ҷумҳурии мо озими Қирғизистон мешавад, ки дар фурудгоҳи Манаси ин кишвар нерӯҳои низомии Амрико мустақар мебошанд. «Мо минбаъд низ ба идомаи фаъолияти нерӯҳои низомии Амрико дар Манас мусоидат хоҳем кард, зеро кӯшишоти Амрико ба манфиати тамоми мамолики минтақа равона гардидаанд, - идома дод ҷенерол. – Ҳадафи ягонаи мо – муваффақ гаштан ба таъмини субот дар Афғонистон аст».
Ҷенероли амрикоӣ ҳамчунин зикр кард, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз терроризм, рушди амалисозии лоиҳаҳо ҷиҳати таҳиким марзҳо ва расонидани кӯмаки башардӯстона низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. «Дар мулоқот ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шуд, то нерӯҳои ифротгаро дигар имкон наёбанд бори навбатӣ қаламрави Афғонистонро чун минтақаи омодасозӣ ба амалиёт истифода баранд», - таъкид сохт ӯ.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи вазъ дар Ироқ ва мушкилоти мавҷуда дар ин кишвар табодули афкор намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста