Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи феврал ба ҷуз сафари расмӣ ба кишварҳои назди Балтика ва Белгия, аз Хорватия низ боздид хоҳад кард.
Дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки зимни боздид аз мамолики Аврупо дидору гуфтушуниди президенти ҷумҳурӣ бо сарони ин кишварҳо, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, парлумони Аврупо ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар назар аст.
Ба гуфтаи Ҳ.Зарифӣ, интизор меравад, ки натиҷаҳои сафари мазкур ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. «Феълан бандарҳои баҳрии Эстония, Латвия ва Литва барои истифодаи воридоту содироти бор барои ҷумҳурӣ нақши муҳим доранд ва сарвари давлат бо ҳамтоҳои худ масъалаи мазкурро муҳокима хоҳад кард», - гуфт ӯ.
Вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ афзуд, ки дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Белгияву Хорватия оид ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфтушунид сурат хоҳад гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста