Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ барои татбиқи босамари заминаи боэътимоди қарордодию ҳуқуқии Тоҷикистону Миср ва дарёфти роҳҳои истифода аз имконоти фаровони ҳамкорӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворию дорусозӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, молия ва фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва туризм воситаи муҳими таҳкиму тавсиаи
муносибатҳои Тоҷикистону Миср маънидод гашт.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла дар роҳи сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар болои дарёҳои Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвари дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ номида шуд.
Тасмим гирифта шуд, ки Нораку Асвон - ин шаҳрҳои энергетикҳои Тоҷикистону Миср бародаршаҳр эълон карда шаванд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳо гуфтугӯ сурат гирифт.
Хонум Фоиза Абуннаҷо изҳор дошт, ки иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон намудани соли 2009 боиси хушнудии роҳбарият ва мусулмонони Ҷумҳурии Мисри Араб шуд.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак кинофилми бадеии бисёрсериягии кинематографистони мисрӣ - «Имом Абуҳанифаи Нуъмон» - ро ба ҳайси тӯҳфа ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ирсол намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин тӯҳфаро саҳми арзандаи Ҷумҳурии Мисри Араб дар роҳи муаррифии ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам ба мардуми Тоҷикистон маънидод карда, изҳор дошт, ки он дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба тоҷикӣ гардонда ва манзури бинандагони телевизиони тоҷик карда мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста