Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дирӯз ҷиҳати баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии кишварҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Лариса Кислякова ба рӯзоманигорон хабар дод.
Л.Кислякова мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ба густариши равобити ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо бо кишвари ҳамсоя омода аст. «Ҳаҷми ҳарсолаи муомилоти молӣ миёни кишварҳо аз 4 то 7 дарсади ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.
Номбурда таъкид сохт, ки лоиҳаи протокол оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва истифодаи захоири обиву энергетикӣ аллакай таҳия гаштааст.
Ёдрас мекунем, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2001 таъсис ёфта, худи ҳамон сол ҷаласаи аввал ва алҳол ягонаи он баргузор шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста