Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2009 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 29 млн.
$
кӯмак расониданро ба нақша гирифтааст.
Тавре чанде қабл ҳамоҳангсози кӯмаки хориҷии ҳукумати ИМА оид ба Аврупо ва Авруосиё Дэниел Розенблюм ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта аз ҷониби Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 31 млн. $ кӯмак расид.
Д.Розенблюм мегӯяд, феълан захоиру воситаҳои ИМА маҳдуд аст ва Конгресси Амрикоро лозим меояд, ки ба расонидани кӯмак ба кишварҳои бештар ниёздошта таваҷҷӯҳ зоҳир созад. «Мо ният дорем ба Тоҷикистон дар панҷ бахш – таъмини субботу амният, фаъолияти ҳукумати демокративу боадолат бо назардошти волоияти қонун, бахши тандурустиву маориф, таъмини рушди иқтисодӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ёрӣ расонем», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, маблағҳо ба Тоҷикистон дар шаклҳои гуногун - кӯмаки фаннӣ, бурсҳои хурд, қарзҳо тавассути муассисаҳои хурди қарздиҳӣ ва дар шакли кӯмаки башардӯстона ворид мегарданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Оҷонсии иттилоотиву таҳлилии
Washington ProFile, дар давраи солҳои аз соли 1992 то соли 2006 ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ (ба истиснои давлатҳои соҳили Балтика) ба сифати кӯмак 27,7 млрд. $ маблағ ҷудо кардааст, ки ба Тоҷикистон аз ин маблағ 458 млн. $ рост меояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста